ШАНБЕГИИ НАВБАТӢ ДАР БИНОИ СУДИ НОҲИЯИ РУШОН
Шанбегии навбати дар суди ноҳияи Рушони ВМКБ
Имрӯз, 30 майи соли 2026, дар доираи тадбирҳои ободонӣ ва беҳдошти муҳити зист, шанбегӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур кормандони суд фаъолона иштирок намуда, корҳои тозагӣ ва ободонӣ анҷом доданд. Аз ҷумла, ҳудуди бинои суд ва атрофи он аз партовҳо пурра тоза карда шуда, гулҳои гулхои гуногун шинонида шуд. Баргузории чунин тадбирҳо ба беҳтар намудани вазъи санитарӣ, нигоҳдории муҳити зист ва ободу зебо гардонидани бинои суд мусоидат менамояд. Кормандони суд бо ҳисси баланди масъулият ва эҳтиром ба муҳити атроф дар ин иқдоми нек саҳми арзанда гузоштанд. Суди ноҳияи Рушон минбаъд низ ҷиҳати иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободонии муҳити зист тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Суди ноҳияи Рӯшон 



