ШАНБЕГӢ ДАР БИНОИ СУДИ НОҲИЯИ РӮШОН


Шанбегии навбати дар суди ноҳияи Рушони ВМКБ
Тозагӣ ва ободонӣ яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи мутамаддин ба ҳисоб меравад. Муҳити тоза на танҳо ба саломатии инсон таъсири мусбат мерасонад, балки сатҳи фарҳангу маърифати моро низ инъикос мекунад. Аз ин рӯ, баргузор намудани шанбегиҳои дастаҷамъона як иқдоми муҳим дар самти нигоҳдории тартибу низом ва ободонии муҳити корӣ мебошад. Имрӯз мо тасмим гирифтем, ки дар ҳудуди Суди ноҳияи Рушон шанбеги баргузор намоем. Ҳадафи асосии ин иқдом – тоза ва ороста нигоҳ доштани иншооти суд, каналу ҷӯйбор ва гирду атрофи бино мебошад.
Ҳар яки мо бояд дар ин кор саҳми худро гузорем, зеро муҳити кории тоза ва озода ба фаъолияти босамар ва рӯҳияи хуби кормандон мусоидат мекунад. Инчунин, чунин тадбирҳо ҳисси масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба муҳити зистро дар байни кормандон тақвият мебахшанд. Бовар дорам, ки бо саъю кӯшиши якҷоя мо метавонем муҳити Суди ноҳияи Рушонро боз ҳам зеботар ва намунавӣ гардонем.
Суди ноҳияи Рӯшон 
