ШАНБЕГИИ НАВБАТИ ДАР БИНОИ СУДИ НОҲИЯИ РУШОН



Имрӯз, 16 майи соли 2026, дар доираи тадбирҳои ободонӣ ва беҳдошти муҳити зист, бо ташаббуси роҳбарияти суди ноҳияи Рўшон шанбегӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур кормандони суд фаъолона иштирок намуда, корҳои тозагӣ ва ободонӣ анҷом доданд. Аз ҷумла, ҳудуди бинои суд ва атрофи он аз партовҳо пурра тоза карда шуда, корҳои сабзкорӣ, нармсозии хок, обёрии дарахтон ва гулҳо, инчунин ба тартиб даровардани роҳравҳо амалӣ гардиданд. Баргузории чунин тадбирҳо ба беҳтар намудани вазъи санитарӣ, нигоҳдории муҳити зист ва ободу зебо гардонидани бинои суд мусоидат менамояд. Кормандони суд бо ҳисси баланди масъулият ва эҳтиром ба муҳити атроф дар ин иқдоми нек саҳми арзанда гузоштанд. Суди ноҳияи Рўшон минбаъд низ ҷиҳати иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободонии муҳити зист тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Очередной субботник в суде района Рушан ГБАО
Сегодня, 16 майя 2026 года, в рамках мероприятий по благоустройству и улучшению экологического состояния окружающей среды, по инициативе руководства суда района Рушан был проведён субботник. В данном мероприятии сотрудники суда приняли активное участие, выполнив работы по очистке и благоустройству территории. В частности, территория здания суда и прилегающие участки были полностью очищены от мусора, проведены работы по озеленению, рыхлению почвы, поливу деревьев и цветов, а также приведены в порядок пешеходные дорожки. Проведение подобных мероприятий способствует улучшению санитарного состояния, сохранению окружающей среды и благоустройству здании суда. Сотрудники суда проявили высокий уровень ответственности и внесли достойный вклад в общее дело. Суд района Рушан и впредь будет принимать активное участие в общественных инициативах, направленных на благоустройство и охрану окружающей среды.
Суди ноҳияи Рӯшон 
