Баргузории вохўрии судманд дар Ҷамоати деҳоти Рўшони ноҳияи Рўшон
Санаи 24 феврали соли 2026 дар Ҷамоати деҳоти Рўшони ноҳияи Рўшон, тибқи нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии суди ноҳия ва супориши Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди ВМКБ, вохўрии судманд оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ судяи суди ноҳияи Рўшон Сафарзода Ш.А. инчунин омўзгорон, падару модарон, сокинон ва фаъолони Ҷамоати деҳоти Рўшони ноҳияи Рўшон иштирок намуданд.
Зимни вохўрӣ таъкид гардид, ки Паём самтҳои афзалиятноки сиёсати дохили ва хориҷии давлатро муайян намуда, ба рушти иқтисоди миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа равона гардидааст.
Ҳамзамон, ба ҳозирин мазмуну муҳтавои қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла масъалаи пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, муқовимат бо коррупсия, экстремизм ва терроризм, истифодаи мақсадноки нерўи барқ ва сари вақт пардохт намудани ҳақи истифодаи он, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, қонунгузории оила, пешгирии вайроншавии оилаҳо, пешгирӣ ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, таълиму тарбияи кўдак, танзими ҷашну маросим, омодагиҳо барои сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳим шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ иштирокдорон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният изҳори омодагӣ намуданд.
Суди ноҳияи Рӯшон 





