ТАҶЛИЛИ РУЗИ КОРМАНДОНИ СУДӢ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи касбии кормандони мақомоти судӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Амирбекзода Ҳабибулло, раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ, раиси суди ВМКБ Умарзода Фирдавс, раисони суди шаҳру ноҳияҳо, кормандон ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд.
Муовини раиси вилоят иштирокчиёнро аз номи роҳбарияти вилоят бо иди касбӣ табрику таҳният гуфта, нақши муҳими мақомоти судиро дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таҳкими адолати иҷтимоӣ таъкид намуд.
Раиси суди вилоят дар суханронии худ таъкид кард, ки дастовардҳои соҳаи судӣ маҳз дар натиҷаи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ба таҳкими пояҳои адолати судӣ имконпазир гардидаанд. Ӯ зикр намуд, ки имрӯз мақомоти судии вилоят бо масъулияти баланд барои татбиқи қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа фаъолияти самаранок мебаранд.

Инчунин дар маҷлиси тантанавӣ  кормандони суди ноҳияи Рӯшон низ иштирок намуданд
Дар охири як зумра кормандон ва собиқадорони соҳа барои фаъолияти намунавӣ ва саҳми арзандаашон дар пешбурди кори судӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.