ИШТИРОК ДАР ТАНТАНАХОИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ 28 СОЛАГИИ РУЗИ ВАХДАТИ МИЛЛИ ДАР ШАХРИ ХОРУГ

27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама ҳозирин ва мардуми шарифи кишварро бо санаи муҳими таърихӣ солгарди ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки мо ба ваҳдати миллӣ маҳз ба шарофати ақлу хирад ва иродаи қавии мардуми сарбаланди кишвар расидем ва он оғози марҳалаи нав дар таърихи давлатдории мо гардид.
Сарвари давлат ваҳдати миллиро рамзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, омили асосии рушди устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат арзёбӣ намуданд.