БАРГУЗОРИИ ТРЕНИНГ

Рӯзи 20 ноябри соли 2023 дар бинои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои Суди ВМКБ, суди ҳарбии гарнизони Хоруғ ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мавзӯи истифодабарии сомонаҳои судҳо омӯзиши интерактивӣ баргузор гардид.

Дар омӯзиш аз ҷониби мутахассисони соҳа ба ширкаткунандагон тарзи омода ва ворид намудани маълумот ба сомонаҳо омӯзонида шуд.