
- Дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи ҳифзи тандурустии аҳолӣ мақоми хосса дошта, пайваста дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби шаҳрвандон ба варзиш тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ мегардад. Судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Рушони ВМКБ бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ дар чорабиниҳои » Рӯзи варзиш» мунтазам ширкат меварзанд. Чунин иқдомҳо ба густариши фарҳанги варзишӣ ва баланд гардидани сатҳи саломатии ҷомеа мусоидат мекунанд.Санаи 2-юми августи соли 2025 дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Рушон машқи пагоҳирӯзӣ бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Рушон баргузор гардид.Иштирокчиён бо рӯҳияи болида ва шавқи зиёд машқҳои ҷисмониро иҷро карданд.